- бун
- [بن // بون]1. бех, реша, асос, бунёд; буни мӯ бехи мӯ2. қисми зерини ҳар чиз, поён, таг: буни девор, буни тал, буни чоҳ; буни гардан паси гардан; пушти сар; буни гӯш таги гӯш, зери гӯш; баногӯш; буни дандон милки дандон, вора; буни кӯҳ домани кӯҳ; буни ғор дохили ғор; аз бун (бар)кандан а) аз решааш кандан, решакан кардан (дарахтро); б) маҷ. тамоман маҳв кардан, несту нобуд кардан (чизеро, касеро)◊ аз бун // аз беху бун тамоман, саросар, ба куллӣ (мас., аз бун хушк шудан, аз бун канда шудани решаи зулм); бесару бун беаввалу охир, парешон, бетартиб (мас., суханҳои бесару бун, хаёлоти бесару бун)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.